Шанбе, 18 апрел
Агар касе гуноҳе кунад, мо дар назди Худо мададгоре дорем (1 Юҳ. 2:1).
Қарори муҳимтарине, ки инсон карда метавонад, худро ба Яҳува бахшидану қисми оилаи парастандагони ӯ шудан аст. Яҳува ҳамаро ба сафи фарзандонаш даъват мекунад. Чаро? Ӯ мехоҳад мо аз дӯстӣ бо ӯ лаззат барем ва дар оянда соҳиби ҳаёти ҷовидона шавем (5 Мӯсо 30:19, 20; Ғал. 6:7, 8). Яҳува ҳеҷ касро маҷбур намекунад, ки ба ӯ хизмат кунад. Ӯ ба ҳар як кас ихтиёр додааст, ки хизмати ӯро интихоб кунад ё не. Лекин масеҳии таъмидёфта қонуни Худоро шикаста, гуноҳ кунад-чӣ? Агар масеҳӣ тавба накунад, ӯро аз ҷамоат дур мекунанд (1 Қӯр. 5:13). Вале баъди ин ҳам Яҳува чашмбароҳи гунаҳкор аст, ки кай сӯяш бармегардад. Маҳз барои ҳамин Яҳува товонро додааст, то шахси гунаҳкор тавба карда, соҳиби бахшоиш шавад. Худои дилсӯзамон бо меҳрубонӣ гунаҳкоронро сӯйи тавба даъват мекунад (Зак. 1:3; Рум. 2:4; Яъқ. 4:8). w24.08 саҳ. 14, сарх. 1, 2
Якшанбе, 19 апрел
Агар дилат бохирад шавад, дили ман хурсанд мегардад (Пнм. 23:15).
Вақти навиштани сеюм номааш баъзеҳо таълимоти дурӯғро паҳн мекарданд ва дар ҷамоат ҷудоӣ меандохтанд, вале баъзеи дигар «бо роҳи ростӣ» равона буданд. Онҳо ба Яҳува итоат намуда, «аз рӯйи амрҳои Худо» рафтор мекарданд (2 Юҳ. 4, 6). Ин масеҳиёни бовафо на танҳо Юҳанноро хурсанд мекарданд, балки дили Яҳуваро низ шод мегардонданд (Пнм. 27:11). Дарс барои мо: Вафодорӣ хурсандӣ меорад (1 Юҳ. 5:3). Донистани он ки мо дили Яҳуваро шод мегардонем, ба мо хурсандӣ меорад. Вақте мо ҳавасу хоҳишҳои ҷаҳонро рад мекунем ва роҳи ростиро интихоб мекунем, Яҳува хурсанд мешавад. Фариштагон низ дар осмон шодӣ мекунанд (Луқ. 15:10). Мо аз дидани он ки ҳамимононамон дар озмоишу васвасаҳо сар хам намекунанд, дилшод мегардем (2 Тас. 1:4). Вақте дунёи нав меояд, мо бо сари баланд ва дили хушнуд мегӯем: «Ман ба Шайтон гардан нафуроварда, ба Яҳува вафодор мондам». w24.11 саҳ. 12, сарх. 17, 18
Душанбе, 20 апрел
Бигзор ҳар кас фоидаи худро неву фоидаи каси дигарро ҷӯё бошад (1 Қӯр. 10:24).
Пеш аз он ки ба одам мулоқотро пешниҳод кунед, бояд чӣ қадар ӯро мушоҳида кунед? Агар шумо одамро хуб нашинохта пешниҳоди вохӯрӣ кунед, дар назари кас булҳавас тофта метавонед (Пнм. 29:20). Вале, агар ин корро кашол диҳед, беҷуръат тофта метавонед, хусусан агар бародар ё хоҳар дар бораи шавқи шумо донад (Пандгӯ 11:4). Фаромӯш насозед: мулоқот пешниҳод кардан ҳоло пешниҳоди оиладорӣ нест,— шояд, кор бо тӯй наанҷомад. Лекин, агар шумо барои зиндагии оилавӣ тайёр набошед ва ё он бародар ё хоҳар дар назаратон ҳамсаршавандаи мувофиқ натобад, ин қадамро нагузоред. Агар пай баред, ки касе шуморо маъқул кардааст, чӣ кор карда метавонед? Агар шумо ҳам нисбати ӯ чунин ҳиссиёт надошта бошед, бо рафторатон инро маълум созед. Агар шумо ба он бародар ё хоҳар шавқ надошта бошед, вале бо ҳиссиёташ бозӣ кунеду бағалашро бо чормағзи пуч пур кунед, бераҳмӣ мешавад (Эфс. 4:25). w24.05 саҳ. 22, 23, сарх. 9, 10