Ҷумъа, 16 октябр
Нагузор, ки дилат ба роҳҳои ӯ майл кунад. Ба пайраҳаҳои вай қадам намон (Пнм. 7:25).
Мисоли Сулаймон нишон медиҳад, ки бо ҳар парастандаи Яҳува чунин шуданаш мумкин аст. Шахс баъди содир кардани гуноҳи ҷиддӣ, шояд, худаш нафаҳмида монад, ки барои чӣ ин хел шуд. Лекин, агар ӯ ба ин воқеа бо чашми ҳақиқат нигарад, мебинад, ки пеш аз ин якчанд қадами бехирадона гузоштааст. Шояд, ӯ бо касоне дӯстӣ кард, ки Яҳуваро дӯст намедоштанд. Ё бо вақтхушиҳои шубҳанок машғул буд, ба ҷойҳои ношоиста мерафт ё ба сайтҳое медаромад, ки ба масеҳиён раво нест. Эҳтимоли зиёд аст, ки дуогӯйиву хониши Китоби Муқаддасро бас карда буд, ба вохӯриву хизмат намерафт. Мисли ҷавоне, ки дар Панднома омадааст, ба гуноҳ даст заданаш ногаҳонӣ набуд. Мо аз ин чӣ меомӯзем? Фақат аз гуноҳ дурӣ ҷустан кам аст. Боз мо бояд аз қадамҳое, ки ба он оварда мерасонанд, эҳтиёт шавем. Сулаймон инро баъд аз овардани мисол қайд кард (Мат. 5:29, 30). w24.07 саҳ. 16, сарх. 10, 11
Шанбе, 17 октябр
Мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем (2 Қӯр. 4:7).
«Ганҷ» гуфта, чӣ дар назар дошта шудааст? Ин супориши хушхабаррасонӣ мебошад (2 Қӯр. 4:1). Набошад «зарфҳои гилин» чист? Онҳо хизматгорони Яҳуваанд, ки хушхабарро мерасонанд. Дар замонҳои Павлус фурӯшандагон зарфҳои гилинро барои кашондани чизҳои боарзиш, ба монанди хӯрок, шароб ва пул истифода мебурданд. Ба ин монанд, Яҳува ба мо хушхабари бебаҳоро бовар кардааст. Бо кумаки Яҳува мо ба хубӣ аз уҳдаи ин супориши бебаҳо мебароем. Баъзан мо ба доми одамтарсӣ афтода метавонем ё метарсем, ки хабарамонро дигарон қабул намекунанд. Чӣ тавр аз он берун шавем? Биёед мисоли расулонро дида бароем. Вақте ба онҳо мавъиза карданро манъ карданд, онҳо чӣ кор карданд? Онҳо ба ин тарс дода нашуданду аз Худо қувват пурсиданд, ки нотарсона гап зананд. Яҳува дарҳол ба дуои онҳо ҷавоб дод (Кор. 4:18, 29, 31). Агар шумо ҳам дар чунин ҳолат бошед, ба Яҳува дуо гӯед, то одамдӯстии шумо бар одамтарсиятон дастболо шавад. w24.04 саҳ. 16, сарх. 8, 9
Якшанбе, 18 октябр
Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, номи ту муқаддас бод! (Мат. 6:9).
Мо Яҳуваро дӯст медорем, барои ҳамин мехоҳем номи ӯро аз доғи туҳматҳои Шайтон пок созем (1 Мӯсо 3:1–5; Айюб 2:4; Юҳ. 8:44). Мо мехоҳем дар хизмат бо дили пурҳарорат ба ҳама шавқмандон ҳақиқатро дар бораи Худо ошкор кунем. Мо мехоҳем ҳама донанд, ки сифати бузургтарини Худо муҳаббат аст, ҳукмронии ӯ ҳаққонию одилона аст ва Подшоҳияш ба наздикӣ тамоми азобҳоро хотима бахшида, барои одамизод осоиштагию хушбахтӣ меорад (Заб. 37:10, 11, 29; 1 Юҳ. 4:8). Вақте дар хизмат дар бораи Худо ростиро ошкор мекунем, номи ӯро аз доғҳои сиёҳи дурӯғ пок месозем. Ҳамчунин мо бо ин корамон сазовори номи худ рафтор мекунем. w24.05 саҳ. 18, сарх. 12